РУШДИ ВАРЗИШ ДАР ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДӢ

Декабрь 10, 2010 14:51

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Роҳбарияти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ба масоили  беҳтар намудани сифати таълим, ташкили самараноки корҳои тарбиявӣ, таъмини саломатии устодону донишҷўён ва ҳифзи сиҳатии ҷомеа диққати махсус медиҳад.  Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзи ҳаёти солими донишҷӯён, баланд бардоштани донишу малака ва қобилияту такомули ҷисмонии устодону донишҷӯён корҳои зиёд ба сомон расидаанд. Мавриди истифода қарор додани майдони варзишии донишкада дар партави амалигардии  ҳамин барномаҳо анҷом дода шуда, донишҷӯёни донишкада дар чандин мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо ҳунару маҳорати худ сазовори унвони чемпионӣ ва мақомҳои баланди ифтихорӣ гардидаанд. Дар ин маврид метавон аз муваффақиятҳои донишҷӯёни Донишкада Шокирҷон Раҷабов- барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои 15-уми олимпии Осиё дар ш. Доҳаи Қатар, Ҳайитов Акмал- устоди варзиши байналхалқӣ (бокс), узви дастаи мунтахаби ҶТ, Ҷалолов Хуршед –устоди варзиш, узви дастаи мунтахаби ҶТ, Ғуломов Комил ва ғайраҳо ёдовар шуд. Дар маҷмӯъ дар дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба монанди каратэ, бокс, таэквандо, дзю-до, варзиши сабук, волейболу баскетбол, гурзпартоӣ ва ғайра зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни донишкада аъзо мебошанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар варзишгоҳи нав донишҷӯён метавонанд бо намудҳои варзишии волейболу баскетбол, гӯштин, теннис, футболи хурд ва бозиҳои гуногуни спортӣ машғулшаванд.

Декабрь 10, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт