С. ШАРИФОВ: «ХОВАР» МИСЛИ ПЕШТАРА МАНБАИ МУҲИМ ВА ЗАРУРИИ ИТТИЛООТ МЕБОШАД
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 31 декабр ба таъсиси Агентии миллии иттилоотии «Ховар» 85 сол пур шуд. Агентӣ дар давоми ин солҳо роҳи душвору мураккаб ва пуршарафи камолотро тай намуд. «Ховар» дар замони шӯравӣ бо номи ТоҷикТА шӯҳрати калон дошт. Ҳоло дар он сулолаи нави журналистони варзидаю таҷрибанок кор мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ба ин муносибат бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ Сӯҳроб Шарифов ҳамсӯҳбат шуд. С.Шарифов зимни сӯҳбат изҳор намуд, ки фаъолияти Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дар давраҳои гуногуни таърихи кишварамон дар давоми 85 сол тағйир наёфтааст. Агентӣ дар ин муддат вазифаи асосии худ — ҷамъ овардан, таҳлил намудан, омода сохтан ва пахш намудани иттилооти воқеӣ ва эътимодбахшро сардбаландона иҷро мекунад. «Ховар» инчунин дар бораи фаъолияти сохторҳои ҳукуматию давлатӣ ва ҷамъиятӣ ахбороти таъҷилӣ нашр мекунад. Мутаассифона, имрӯз имкониятҳои сари вақт ва таъҷилӣ инъикос намудани ҳамаи рӯйдодҳои мамлакат ва ҷаҳон, хусусан дар минтақаҳо то андозае маҳдуд гардидаанд. Агентии миллии иттилоотии «Ховар» солҳои аввали мустақилияти давлатии мамлакат ҳамчун манбаи расмии иттилоот нақши муҳим мебозид. Маҳз «Ховар» чи дар мамлакат, чи берун аз он ва чи дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати нави мустақил, миллӣ, сулҳпарвар ва пешрафта муаррифӣ менамуд. Солҳои гуногун дар ин ҷо журналистони соҳибтаҷрибаю варзида кор мекарданд. Дар байни онҳо директорони он Зайниддин Насриддинов, Набиҷон Каримов ва Зафар Саидовро зикр кардан мумкин аст. Онҳо қобилияти калони роҳбарӣ дошта, дар баробари ин ҳамчун журналистони соҳибтаҷриба ба ҷавонон дарси маҳорат меомӯхтанд. Ман ин ҷо дар бораи хизмати шоёни тарҷумонҳои касбии агентӣ махсус сухан ронданиам. Онҳо на танҳо хабару мақолаҳои рӯзмарра, балки хабарҳои расмиро на танҳо ба забонҳои русию ӯзбекӣ, инчунин ба забонҳои дигари хориҷӣ низ саривақт ва хушсифат тарҷума карда, дастраси хонандагон мегардонанд. Имрӯз барои бештар сохтани нақши Агентии иттилоотии «Ховар» журналистон ва хабарнигорони таҷрибадору боистеъдод ва фаъол, менеҷерҳои варзида ва технологияи муосири иттилоотӣ заруранд. Хабарнигорони «Ховар» бояд на танҳо хабарҳои рӯзмарра, балки хабарҳои дорои хусусияти танқидию таҳлилӣ нависанд. Ҳоло хабарҳои «Ховар» бештар хусусияти сиёсӣ доранд. Бо вуҷуди ин, Агентии миллии иттилоотии «Ховар» мисли пештара ҳамчун манбаи асосӣ, муҳим ва зарурии иттилоот боқӣ мемонад. Дар фарҷоми сӯҳбат ба кормандони агентӣ ба муносибати 85 – солагии он ва ба шарафи фаро расидани иди Соли нав саломатӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям. Умедворам, ки ба агентӣ журналистони боистеъдоду соҳибтаҷриба ҷалб карда мешаванд ва шӯҳрати он дар байни воситаҳои ахбори оммавӣ ва хусусан агентиҳои иттилоотӣ бештар хоҳад гашт, — гуфт дар хотима Сӯҳроб Шарифов.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






