САФИРИ НАВИ ҶТ ЭЪТИБОРНОМА СУПУРД
Анқара, 8 декабр. (АМИТ "Ховар", Фарангис Раҳимова). – Дирӯз 7 декабр сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов эътиборномаро ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул супорид. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз намояндагии дипломатии ҶТ дар Анқара хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ баъди маросими расмӣ мулоқоти сафири нави ҶТ бо Президенти Туркия доир гардид, ки дар он ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва рушди минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






