САММИТИ ДАВЛАТҲОИ УЗВИ ТҲИ ДАР ТУРКИЯ

Декабрь 16, 2010 16:53

       Анқара, 16 декабр. (АМИТ "Ховар", Фарангис Раҳимова). – Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳафтаи оянда барои иштирок дар саммити роҳбарони давлатҳои узви Ташкилоти Ҳамкориҳои  Иқтисодӣ (ТҲИ), ки  23 декабри соли равон дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад, ба Туркия меравад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд.               Дар қатори сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои  ТҲИ дар ҷаласаҳо намояндагони котиботи  Ташкилот  ва як қатор  созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.                  Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист. Он соли 1985 аз ҷониби давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик ташкил шуда, меросхӯри Ташкилоти минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки дар асоси оинномаи Шартномаи Измир  аз ҷониби се давлати муассис-Эрон, Покистон ва Туркия 12 марти  соли 1977   таъсис ёфта буд.                         То соли 1992 ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин Ташкилот хусусияти дуҷониба дошт. Аз соли 1992 фаъолияти ТҲИ бо сабаби ба он  ихтиёран ҳамроҳ шудани 7 давлати нав- Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон хеле фаъол гардид.                Дар ҷаласаи 50-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар соли 1995 Қарор дар бораи ҳамкорӣ бо ТҲИ ба тасвиб расид ва   аз ҳамон сол ТҲИ дар СММ  мақоми мушоҳидро соҳиб гардид. ТҲИ ҳамчунин дар Созмони Конфронси Исломӣ низ мақоми мушоҳидро дорад. Саммити пешинаи ТҲИ моҳи марти соли 2009-ум доир гашта буд.             

Декабрь 16, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад