САНҶИШҲОИ ПРОКУРОРӢ ДАР БАХШИ СОХТМОН

Декабрь 7, 2010 11:42

       Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи сохтмон ва рафти иҷрои қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе барои ҷудо намудани қитъаи замин ва  иҷозати сохтмони иншооти гуногун ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ  дар асоси Нақшаи генералӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе  Шавкат Саидов иттилоъ дод.        Зимни баррасии ҳолати корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикргардида маълум шуд, ки бо вуҷуди  дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифтани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби на ҳамаи  соҳибмулкон иншоот баъди анҷоми сохтмон ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод гашта, хилофи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ онҳо мавриди истифода қарор гирифта, дар ҳисоботи оморӣ маълумот ирсол нагаштааcт. Раиси шаҳр бо мақсади таъмини волоияти қонун дар бахши сохтмон ва меъморӣ  аз прокуратураи шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт хоҳиш ба амал овард, ки тибқи гузориши баррасишуда дар мӯҳлати 10 рӯз санҷишҳои прокурориро анҷом дода, оид ба ҳолати воқеӣ ва рафъи камбудиҳои мавҷуда бо андешидани тадбирҳо дар асоси муқаррароти  қонунгузории амалкунанда, унвонии шаҳрдорӣ гузориш ирсол намояд.     Дар робита сохторҳои марбутаи Агентиҳои омор,  сохтмон ва меъморӣ дар шаҳри Душанберо муваззаф гардиданд, ки  корҳои баҳисобгирии давлатӣ ва назорати сохтмониро дар ҳудуди шаҳр тақвият бахшида, ҷиҳати пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Декабрь 7, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад