СЕМИНАРЕ, КИ ТАСҲЕҲОТИ МАВСИМӢ ОМӮЗОНИД
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Устуворкунии системаи миллии омор» оид ба тасҳеҳоти мавсимӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Аз Агентии омори ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки семинарро мутахассисони Раёсати методологияи оморӣ ва кор бо мақомоти маҳаллии омори Агентӣ гузарониданд, ки дар доираи лоиҳа курси омӯзиширо дар давлати Шветсия хатм намудаанд. Дар семинар як гурӯҳ мутахассисони раёсатҳои соҳавии дастгоҳи марказии Агентӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» иштирок карданд. Семинари мазкур асосан самтҳои муҳими коркард ва таҳияи маълумоти мукаммали омориро аз рӯи тасҳеҳоти мавсимӣ тавассути барномаи махсуси TRAMO-SEATS дар бар гирифт.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






