СЕМИНАРИ ЗАМИН ДАР ВАҲДАТ

Декабрь 27, 2010 16:07

Ваҳдат, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», З.Давлатова).–Дар  маҷлисгоҳи  Қасри фарҳанги  шаҳри  Ваҳдат бо  иштироки  муовини  Сарвазири  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов  оид ба  амалӣ  намудани  қарори  ҲҶТ «Дар  бораи  гирифтан  ва  ба мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳо додани  қитъаҳои  замин»   семинар – машварат доир  гардид. Дар  семинар – машварат  раисони  шаҳру ноҳияҳо,  раисони кумитаҳои  заминсозӣ,  муовинони  раисон  ва  раисони  ҷамоатҳои деҳот  иштирок  намуданд. Ба  иштирокдорони  семинар – машварат    оид ба тақсимоти  замин дар  ҷойҳои бехавф,  тарҳрезии  нақшаи  генералӣ  дар  бораи  маҳалҳои  аҳолинишин,  мувофиқи нақша  сохтани  биноҳо дар  манотиқи  аҳолинишин, интихоби дуруст ва мувофиқи  лоиҳа     сохтани  бино маслиҳатҳои  муфид дода шуд. Муовини  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Муродалӣ  Алимардонов   оид ба  сохтмони  бисёр  хонаҳои деҳоти    ноҳияҳои  тобеи марказ эрод  гирифт.  Мавсуф  афзуд, ки  шаҳри  Ваҳдат  ҷиҳати  таҳияи  лоиҳаҳои  сохтмони  биноҳои  маъмурию истиқоматӣ  нисбат ба  дигар  шаҳру  ноҳияҳо  бартарӣ  дорад.    

Декабрь 27, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад