Ш.ЗУҲУРОВ: «ИМКОНИЯТҲОИ ҲАМКОРИРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА КАРД»
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи густариш ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Индонезия, дар заминаи равобити байнипарлумонӣ, таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишварҳо 14 декабр дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Марзукӣ Алиё дар Ҷакарта баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки мо бояд раванди ҳамкориҳои кишварҳоямонро, хусусан муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Индонезияро вусъат дода, онро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем. Ҳамзамон, Шукурҷон Зуҳуров доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, ибрози назар карда, афзуд, ки роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон эъмори ҷомеаи дунявӣ, шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёд ва демократист. Шукурҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти парлумони Тоҷикистон табодули назар карда, онро самараи Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ва Марзукӣ Алиё роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Индонезияро дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишвар, хусусан тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистону Индонезия, табодули таҷриба дар ҷодаи қонунофарӣ ва рушди парламентаризм ибрози назар намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро дар ин самт ба сатҳи баланд бояд расонд. Мавсуф таъкид кард, ки мо метавонем дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, энергетика, саноат, мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта бошем. Марзукӣ Алиё иброз дошт, ки байни Тоҷикистон ва Индонезия имконоти хеле зиёд барои тақвияти равобит дар тамоми арсаҳо вуҷуд дорад ва мо бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, онро ба нафъи миллату давлати худ самаранок истифода намоем.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






