ШИРКАТИ «WAREN TRADE» ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Декабрь 27, 2010 15:11

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) -Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Чехия имрўз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо намояндагони ширкати «Варен Трейд» (Waren Trade)-–и ҷумҳурии Чехия вохурӣ баргузор гардид. Директори генералии фурудгоҳи Душанбе Рустам Холиқов бо намояндагони ширкат масъалаҳои интиқоли бор тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилӣ, роҳҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳоро мавриди гуфтугў қарор дод, иттилоъ дод, корманди дафтари матбуоти КВД «Фурудгоҳи байналмилали Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев. Намояндаи ширкати «Варен Трейд»  Игор Кадлчик гуфт, агарчи Тоҷикистон дар масофаи дур аз Чехия қарор дорад, аммо кишвари боэътимод аст, бинобар ин мо омодаем  ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монем. Директори шўъбаи Украинии ширкати мазкур Вадим Сорочинский оид ба ҳамкориҳои ширкат бо ҷумҳурии Украина ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, интихоб намудани Тоҷикистон барои мо аз он хотир аст, ки дар оянда ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мешавад ва мо метавонем тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон сарукор гирем. Ширкати ҳамлу нақли бори «Варен Трейд» дар Аврупо таъсис ёфта бо тамоми кишварҳои ғарбу шарқ сару кор дорад. Асосан ҳамлу нақли борҳоро тариқи автомобил ва роҳи оҳан анҷом медиҳад. Дар сурати ба мувофиқа омадани ҷонибҳо ширкати «Варен Трейд» имкони ворид шудани Тоҷикистон ба бозори ҳамлу нақли кишварҳои иттиҳоди Аврупо суръат мебахшад, гуфт намояндаи ширкати «Варен Трейд» Марфин Мличка.

Декабрь 27, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад