СИСТЕМАИ БАҲИСОБГИРИИ ХАВФҲО ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ АНДОЗ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Ташкили банақшагирии санҷишҳои андоз дар асоси баҳогузории хатарҳо» машварат баргузор гардид. Машварат зери унвони «Ташкили банақшагирии санҷишҳои андоз дар асоси баҳогузории хатарҳо» дар якҷоягӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ оид ба ҷорикунӣ ва истифодабарии системаи баҳогузории хавфҳо, риояи қонунгузории андоз дар рафти банақшагирии санҷишҳои андоз бахшида шуд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот кардааст, ки ҷорӣ намудани системаи баҳисобгирии хавфҳо дар соҳаи назорати андозҳо ба кам гардидани хароҷоти мақомоти андоз ва андозсупорандагон, баландшавии сатҳи даромади андозҳо ва шаффофияти системаи назорати андоз нақши басо калон мебозад. Барои ворид намудани ин таҷрибаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади табодули таҷрибаи беҳтарини давлатҳои хориҷи дуру наздик ба машварат як қатор намояндаҳои бурунмарзӣ даъват шуданд. Аз ҷумла, дар чорабинӣ намояндагони Хадамоти давлатии андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Қирғизистон ва Украина, Бонки рушди Осиё, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Консултанти байналмилалӣ дар соҳаи системаи баҳогузории хавфҳо ширкат варзиданд. Дар ҷараёни машварат масъалаҳо доир ба таҳлили фаъолияти мақомоти андози давлатҳои хориҷӣ дар самти санҷишҳои андоз дида шуда, иқдоми фаъолияти минбаъдаи Кумитаи андоз ҷиҳати коркард ва ҷорикунии системаи баҳисобгирии хавфҳо барои банақшагирии санҷишҳои андоз муайян гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






