СТИПЕНДИЯИ МЕНДЕЛЕЕВ БА ДОНИШҶӮЁНИ ЭҶОДКОР
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 5 нафар донишҷӯён аз вилояти Суғд ба гирифтани стипендияи Фонди «Донишкадаи тадқиқотии Авруосиёӣ»-и Федератсияи Россия- стипендияи ба номи Д.И.Менделеев мушарраф гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 2006 то имрӯз беш аз 100 нафар донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон стипендияи ба номи Д.И. Менделеевро соҳиб шуданд, ки 14 нафари онҳо аз вилояти Суғд мебошанд. Стипендияи мазкур дар ҳаҷми 50 доллари ИМА буда, ҳар моҳ ( давоми семестр) аз рӯи қурби бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули сомонӣ аз ҳисоби маблағи фонди махсуси ҳукуматӣ пардохта мешавад. Тазаккур додан бамаврид аст, ки стипендияи ба номи Д.И.Менделеев бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёне, ки фаъолияти моҳияти иҷтимоӣ, таълимӣ ва илмӣ — тадқиқотӣ дошта доранду дар макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ, тадқиқоти илмӣ, олимпиадаҳо, озмунҳо, фестивалҳо ва фаъолияти эҷодӣ ба дастовардҳои махсус ноил гардидаанд, таъсис дода шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






