СУҒДИЁН ЗАМИН ГИРИФТАНД

Декабрь 14, 2010 16:04

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар толори  маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бо иштироки беш аз 250 нафар фаъолон, аз ҷумла  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисон ва аъзои комиссияҳои маҳаллии тақсими замин  семинар — машварат доир ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010, №603 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаи замин барои ба гурӯҳи маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо»  баргузор гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки семинар-машваратро раиси вилоят Қоҳир Расулзода  ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ин тадбир тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ сурат мегирад. Мудири шӯъбаи  кишоварзӣ ва истифодаи замини  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумъахон Сафаров оид ба қоидаҳои  амалӣ намудани  қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят додани қитъаи замин барои ба гурӯҳи маҳаллаҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо» баромад намуд. Машваратро муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон ҷамъбаст намуда  аз ҷумла изҳор дошт, ки  баргузории чунин чорабинӣ дар вилояти Суғд ҳамчун намунаи ибрат  ҷиҳати ташкили хуби коргузорӣ ва шаффофияту адолат барои дигар манотиқи ҷумҳурӣ  истифода мешавад. Сипас қисми амалии семинар-машварат оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Мирзоработи  ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Ба 63 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд аз ҷамоатҳои Унҷӣ, Ғозиён ва Ӯткансои ноҳияи Б.Ғафруров ба тариқи қуръакашӣ қитъаи замин  дода шуд.

Декабрь 14, 2010 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад