«СУХАН»-МАҲФИЛИ ХЕШТАНШИНОСӢ
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Иттифоқи нависандагон маҳфил-озмуни адабии «Сухан» баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон ва навқаламон иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҳфили адабии «Сухан» маҳфили ҷавонони соҳибистеъдод буда, дар назди раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил шудааст. Маҳфил асосан ҷавонони лаёқатмандро, ки завқи баланди эҷодкорӣ доранд, муттаҳид месозад ва барои кашфи истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маърифатнокиву хештаншиносӣ ва дониши сиёсиву фарҳангии ҷавонони соҳибистеъдод мусоидат менамояд. Дар маҳфил муовини раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов, шоир Саидалӣ Маъмур ва дигарон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мақсад аз таъсиси маҳфили адабии «Сухан» ба ҳам овардани адибону навқаламони пойтахт, вусъат бахшидани фаъолияти эҷодии онҳо ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад. Ҳамзамон, тавассути корҳои эҷодӣ бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, ки истеъдоди хуби шоириву суханофаринӣ доранд, аз ҳадафҳои ин маҳфил аст. Бояд гуфт, ки маҳфил дар як моҳ ду маротиба барпо гашта, нашри ашъори алоҳидаи навқаламони ҷавоне, ки дар маҳфил иштироки фаъол дошта, ашъори дилписанду ҷолиб пешкаш менамоянд, аз таҳриру такмили адибони мумтози Иттифоқи нависандагон гузашта, аз ҷониби раёсат дастгирӣ меёбад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






