ТӮҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ АЗ ДАСТИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ

Декабрь 29, 2010 15:05

Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –  Дар арафаи  соли нави милодии 2011  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба мактаб-интернати №4 шаҳри Душанбе тўҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.  Ин иқдоми нек бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кӯмакҳои хайрия ба мактаб-интернатҳо, ятимону бепарасторон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта амалӣ гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни супоридани тӯҳфаҳо Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ аз номи Сарвари давлат талабагони мактаб-интернатро бо соли нави 2011  шодбош гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу намуд. Сипас Ҳ. Зарифӣ аз хобгоҳи талабагон дидан намуда, бо шароити зисти онҳо шинос шуд.  

Декабрь 29, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад