ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСҲОИ ОИЛА ВА ЗАМИН

Декабрь 20, 2010 15:47

      Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.             Муҳаммадато Султонов,  котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро  лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,    «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи минтақаи озоди иқтисодӣ», «Дар бораи амният», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро  баррасӣ карданд.             Дар Шӯро ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андоз аз даромад ва сармоя муҳокима шуданд.     Зимни тавзеҳи лоиҳаи қонунҳо, раисони кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов, Саиди Ёқубзод, Шермуҳаммад Шоҳиён зикр карданд, ки пешниҳоди ин масъалаҳо ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҷиҳати тақвияти фазои қонунгузории кишвар муҳим мебошад.  

Декабрь 20, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад