ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ

Декабрь 13, 2010 13:31

     Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъала дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 13 декабр таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев баргузор гардид, баррасӣ шуд.         Дар ҷаласаи Шӯрои мақоми олии қонунгузори кишвар,  ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.                  Аз хадамоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки доир ба масъалаҳои зикргардида раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шӯро баромад намуда, ҳадафи онҳоро мутобиқ гардонидан бо дигар санад ва қонунҳои амалкунанда ва таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи хориҷӣ арзёбӣ карданд.          Дар анҷоми ҷаласа аъзои Шӯро аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 13, 2010 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад