ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТ

Декабрь 27, 2010 13:36

Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 27 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи ҳамроҳшавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти  зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо баррасӣ гардид.       Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон  Муҳаммадато Султонов  дар ҷаласа ҳамчунин, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.        Аъзои Шӯро инчунин, нақшаи доир намудани муҳокимаҳои парлумониро дар Маҷлиси намояндагон барои соли 2011 тасдиқ карданд.

Декабрь 27, 2010 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад