ТАҚДИРИ БОЗОРИ «БАРАКАТ» ЧӢ МЕШАВАД?
Душанбе, 14 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати татбиқи нақшаи генералӣ дар ҳалқаи якуми шаҳр масъулини шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки то 20 январи соли 2011 рӯйхати иншооти ду-сеошёнаи дар кӯчаҳои А. Дониш — С. Айнӣ -хиёбони Рӯдакӣ-Чорбоғ ҷойгирбударо барои огоҳии саривақтии шаҳрвандон дар ВАО-и шаҳрӣ интишор намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод. Мавриди зикр аст, ки қитъаи замини иншооти зикргардида, барои бунёди биноҳои баландошёна барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ гирифта мешаванд. Ҳамзамон масъалаи бартарафсозии бозори «Баракат» баррасӣ шуда, зикр гардид, ки дар робита ба ин масъала лоиҳаи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе омода сохта шавад. Дар ҷаласа, ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ҳолати беҳдошти санитариву экологӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, нигаҳдориву истифодаи фонди манзилӣ, риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ва реҷаи фаъолияти субъектҳои хизматрасон, нақлиёт ва ободонӣ баррасӣ гардида, таваҷҷӯҳи хоса ба мавсими зимистонгузаронии пойтахт зоҳир гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






