ТАҚСИМИ ЗАМИН ТАРИҚИ ҚУРЪАПАРТОӢ
Ваҳдат, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», З.Давлатова). – Тавре муовини аввали раиси шаҳри Ваҳдат Қиёмиддин Абдуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳафтаи равон барои амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қатъаи замин» дар маҳаллаи Элоки ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия тариқи қуръапартоӣ тақсими замин баргузор гардид. Номбурда афзуд, ки дар маъракаи тақсими замин тариқи қуръапартоӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, инчунин, раисони ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд. Қуръаи аввалинро сокини ҳамин маҳалла Бӯригул Азизова бо рақами қитъаи 15 соҳиб гардид. Қуръаи дуюм бо рақами қитъаи 3 насиби Бибимоҳ Муродова шуд. Ҳамин тариқ, қуръапартоӣ ба таври шаффоф гузашта, 26 нафар сокини маҳаллаи Элок соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд. Инчунин, ҳукумати маҳаллии шаҳри Ваҳдат барои сохтмони варзишгоҳ барои ҷавонон 50 гектар замин ҷудо намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






