ТАҶҲИЗОТИ НАВИ ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Декабрь 6, 2010 15:39

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо дастгирии  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода Хадамоти матбуотии  Раиси вилоят соҳиби  таҷҳизоти зарурии техникӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рақамии сабту танзим   гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, маҷмӯи таҷҳизоти  сабту танзими муосир  аз компютери замонавии Intel Core 2, ду адад монитор, дастгоҳи наворбардории  Sony DSR, 100 адад фитаҳои  мини DV 60, 20 адад фитаҳои   DV 184  ва дигар  қисмҳои барои фаъолияти гурӯҳи корӣ зарур иборат мебошад. Ин тадбир барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти мутахассисони хадамот ҷиҳати таҳияи гузоришҳои фаврӣ аз  фаъолияти кории Раиси  вилоят ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  мусоидат менамояд.

Декабрь 6, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад