ТАБИБОНИ ЧИНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББӢ

Декабрь 16, 2010 14:11

Душанбе, 16 декабр.  (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 12 то 16 декабр ҳайати Донишгоҳи тиббии Синтсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади шинос шудан бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Душанбе омаданд. Дар доираи сафар онҳо бо ректор, ноибон, мудирони кафедраҳои ДДТТ ва вазири тандурустии ҶТ мулоқот намуда, ҳамчунин аз беморхонаҳои клиникии шаҳрӣ, ёрии таъҷилӣ, маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Донишкадаи баъдидипломии тайёр намудани кадрҳои тиббии Тоҷикистон дидан намуданд.   «Миёни Донишгоҳи тиббии  Синтсзян ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тадқиқоти илмӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандон, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва табодули донишҷӯён, ҳамчунин табодули таҷрибаи корӣ ва тайёр намудани кадрҳои педагогӣ-илмӣ миёни донишгоҳҳо шартнома ба тасвиб расид», зикр намуд сардори шӯъбаи таҳлил, тафтиш ва робита бо ҷамъияти    ДДТТ  Шодмон Аҳмадов. Ғайр аз ин барои меҳмонони чинӣ барномаи калони фарҳангӣ ташкил шуд. Онҳо осорхонаи бостоншиносии ҷумҳуриявӣ, қалъаи Ҳисор ва шаҳри Душанберо тамошо намуданд.  

Декабрь 16, 2010 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад