ТАДБИРҲОИ АМНИЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАНД

Декабрь 17, 2010 09:30

    Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои идонаи солинавӣ дар пойтахт тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда мешаванд. Тибқи қарори ба тасвибрасонидаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе  муваззаф шудаанд, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд.         Ҳамзамон, аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш шудааст, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Маромномаи сокини пойтахт ва қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо қатъиян риоя кунанд.        Тибқи ин қарор муассисаҳои марбутаи пойтахт муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати таъмини майдону хиёбонҳои шаҳр бо унсурҳои ороишии барқӣ, хусусан гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.      Дар қарор омадааст, ки роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди пойтахт мавҷудбуда, ороиши идонаи иморату иншооти ба онҳо вобасташударо то 27 декабри соли 2010 ба анҷом расонанд.

Декабрь 17, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад