ТАНҲО ДУ РӮЗ БАРҚ МАҲДУД НАМЕШАВАД

Декабрь 27, 2010 10:33

Душанбе, 27  декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). —  Ба ифтихори таҷлили Соли нави мелодӣ рӯзҳои 31 декабри соли 2010 ва 1 январи соли 2011 бо супориши Ҳукумати ҶТ аҳолии кишвар бо қувваи барқ бе маҳдудият таъмин мегарданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Нозир Ёдгорӣ сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»  хабар дод. Тибқи суханони ӯ барои таъмини пурраи аҳолӣ бо барқ дар ин рӯзҳо роҳбарияти «Барқи тоҷик» навбатдории шабонарӯзиро ташкил менамоянд. Баҳром Азимов, муовини аввали раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» аз рӯзи 31 декабри соли 2010 то соати 8. 00 субҳи 1 январи соли 2011 навбатдорӣ менамояд. Телефонҳои тамос 235-86-30, 295-259, 93-817-12-12.  Абдулло Қурбонов, муовини раиси  ШСХК «Барқи Тоҷик» аз соати 8.00 субҳи 1 январ то 00.00 шаби 2 январи соли 2011 навбатдорӣ менамояд. Телефонҳо барои тамос: 235-86-78, 295-659, 93-817-13-13.   Сардори Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе Саид Атоев аз 31 декабри соли 2010 то 1 январи соли 2011 дар ҷойи кории худ қарор мегирад. Телефонҳо барои тамос: 221-86-89, 93-817-14-14.   Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо кормандон ва телефонҳои навбатдори ШСХК «Барқи Тоҷик» шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Телефонҳо барои тамос: 37-883-55-11, 37-883-55-22, 295-480.             

Декабрь 27, 2010 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад