ТЕАТРИ АЙНӢ 70 СОЛА МЕШАВАД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-24- декабри соли равон 70 солагии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҷлил мегардад. Ба барномаи консертӣ 16 номгӯй оҳанг, сурудҳои операвӣ, хори умумӣ аз эҷодиёти оҳангсозону шоирони ватаниву хориҷӣ ва балет аз ҷониби устодони театр шомиланд. Аз ҷумла, суруди «Тоҷикистон» оҳанги Т. Шаҳидӣ, дирижер Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Беҳрон Меҳробов, баладдаи Восеъ аз операи «Шӯриши Восеъ» оҳанги С. Баласанян, хори театр, арияи Мадан аз операи «Комде ва Мадан», оҳанги З. Шаҳидӣ дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов, «Тоҷикистони баҳорон» оҳанги Ю. Тер-Осипов, дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Қирғизистон Айзада Акматова, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Зӯҳро Беляева, Бахтиёр Давлатов ва ҳайати балети театр намоиш дода мешавад. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ соли 1935 дар асоси Қарори Комиссариати Халқии РСС Тоҷикистон ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфтасти. Соли 1940 дар асоси Фармони Президиуми Совети Олии Республика театр номбурда номи Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистонро мегирад. Соли 1954 театр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба номи С. Айнӣ номгузорӣ мешавад. Театри мазкур соли 1941 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Аввалин операи «Шӯриши Восеъ», либретои М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ, мусиқии бастакор Сергей Балансанян буд, ки соли 1939 рӯи саҳна омад. Аввалин балети тоҷик соли 1940 бо номи «Ду гул» ба саҳна гузошта шуд, ки аз рӯи асари бастакор А. Ленский, либреттои М. Рабиев ва А. Азимова ба саҳна гузошта шудааст. Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодиаш ба театр унвони академӣ дода шуд








Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд






