ТОҶИКИСТОН БА КОНВЕНСИЯИ КИОТО АЪЗО ХОҲАД ШУД

Декабрь 3, 2010 10:58

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзо шудан ба Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дархост пешниҳод намуд. Бояд қайд кард, ки Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар Киото 18 майи соли 1973 ба имзо расидааст. Айни замон 71 давлат аъзои ин Конвенсия буда, ба души онҳо зиёда аз 70% савдои ҷаҳонӣ рост меояд.             Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти мазкур хабар доданд, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото имконият медиҳад, ки ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ бо стандартҳои байналмиллалӣ ва қоидаҳои умумиэътирофшуда таъмин гардад. Ин иқдом боиси баланд шудани нуфузу эътибори байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба раванди дохил шудан ба созмони умумиҷаҳонии савдо мусоидат менамонд.

Декабрь 3, 2010 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик