ТОҶИКИСТОН БА КОНВЕНСИЯИ КИОТО АЪЗО ХОҲАД ШУД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзо шудан ба Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дархост пешниҳод намуд. Бояд қайд кард, ки Конвенсияи байналмиллалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар Киото 18 майи соли 1973 ба имзо расидааст. Айни замон 71 давлат аъзои ин Конвенсия буда, ба души онҳо зиёда аз 70% савдои ҷаҳонӣ рост меояд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти мазкур хабар доданд, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото имконият медиҳад, ки ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ бо стандартҳои байналмиллалӣ ва қоидаҳои умумиэътирофшуда таъмин гардад. Ин иқдом боиси баланд шудани нуфузу эътибори байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба раванди дохил шудан ба созмони умумиҷаҳонии савдо мусоидат менамонд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






