ТОҶИКИСТОН ТАРАФДОРИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).-Мавзӯъҳои марбут ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва амнияти минтақавӣ, татбиқи амалии стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Пйер Морел, ки 13 декабри соли 2010 дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифтанд. Ин мулоқот дар доираи аввалин ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни муҳокимаи амиқи вазъият дар Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба истиқрори амният ва субот дар Афғонистон назари умум доранд ва дар мубориза бар зидди терроризм, барқарорсозӣ, таҳким бахшидани сулҳ ва эҳёи иқтисодиёт дар ин кишвар ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






