ВАКИЛОН ҶОНИБДОРИ ЛОИҲАИ ҚОНУН

Декабрь 31, 2010 11:47

Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории нишаст бо иштироки кормандони дастгоҳи ин мақоми олии қонунгузор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи густурда қарор гирифт.  Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон  Муҳаммадато Султонов, нишасти мазкурро роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Расулов ифтитоҳ намуда, баргузории онро барои такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳим арзёбӣ кард.  Дар  нишаст таъкид гардид, ки пешниҳоди лоиҳаи Қонуни мазкур ба муҳокимаи умумихалқӣ  саривақтӣ буда, барои боз ҳам мукаммал гардонидани банд ва моддаҳои он мусоидат менамояд.  Иштирокдорони  нишасти мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, кормандони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Гулчеҳра Маҳмадиева, Фирдавс Абдуллоев, Нодирҷон Солеҳҷонов, Нарзиқул Обидов, Муҳаммад Шоев, Асулбӣ Фозилова ва дигарон зимни суханрониҳои худ роҷеъ ба банд ва моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи ин қонун изҳор намуданд, ки таҳияи ин санади муҳиму таърихӣ масъулияти падару модарро ҷиҳати тарбияи фарзандони худ боз ҳам баланд намуда, дар ин замина барои ба воя расонидани фарзандони ғамхору дӯстдори ватан ва ояндасози кишвар шароити мусоидро фароҳам меоварад.  Иштирокдорони нишаст якдилона лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ин лоиҳаро барои ояндаи неки фарзандони миллати тоҷик ва намояндагони дигар  миллатҳои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Декабрь 31, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад