ВАКОЛАТИ ВАКИЛОН ДАР РУШДИ БАРНОМАҲОИ ИҚТИСОДИИ МАҲАЛ

Декабрь 17, 2010 16:53

      Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми палатаи болоии парлумони мамлакат се қонуни конститутсиониро ҷонибдорӣ карданд. Инҳо Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.      Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ислоҳоти судӣ,  баланд бардоштани мақоми палатаи поёнии парлумони  мамлакат –Маҷлиси намояндагон ва ваколати маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мусоидат менамояд.   Аз ҷумла,  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ваколати вакилони халқро  оид ба таҳияи рушди барномаҳои иқтисодию иҷтимоии маҳал таъмин месозад. Яъне мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барномаи рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии минтақаҳоро бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ таҳия ва амалӣ мегардонад. Ин имкон медиҳад, мақомоти маҳаллӣ бисёр проблемаҳои маҳалро бидуни дахолати дастгоҳи марказӣ ҳал намоянд.        Ҷонибдории қонунҳои конститутсионӣ аз ҷониби аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар нақши муассир мебозад.

Декабрь 17, 2010 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад