ВАЗЪИ ТАЪМИНИ АҲОЛИИ СУҒД БО СӮЗИШВОРӢ

Декабрь 20, 2010 14:20

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд бо ҳамдастии соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсоли ангиштсанг ва иттифоқҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо  650 адад нуқтаҳои фурӯши ангиштсанг  ва 200 адад нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Барои таъмини саривақтии аҳолии вилоят  бо ангиштсанг аз ҷониби  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» шартномаҳои тарафайн ба миқдори 6640 тонна бо корхонаҳои истихроҷи ангиштсанг ба имзо расидааст, ки аз он ҶШСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара  4750 тонна, кони истихроҷи ангиштсанги «Моғиён» -и шаҳри Панҷакент 300 тонна, кони ангишти  «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ 200 тонна, корхонаи истихроҷи ангиши Сулюктаи Ҷумҳурии Қирғизистон 420 тонна ва соҳибкорони инфиродӣ 1370 тоннаро ташкил медиҳад. То моҳи декабри соли равон  аз ҷониби Иттифоқи матлубот ва соҳибкорон ба аҳолии вилоят 14 миллиону 908 ҳазор тонна ангиштсанг фурӯхта шуда, захираи он дар анборҳо 2618 тоннаро ташкил дод. То 15 декабри соли равон захираи ангиштсанг дар соҳаи тандурустӣ  2796 тонна (104%),  ҳезум 1661 м³  (105%),  дар соҳаи маориф  8056 тонна ангиштсанг (109,15) ва 5224 м³ ҳезум (102,2%) таъмин карда шуд.  

Декабрь 20, 2010 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад