ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ БА СОҲАИ ПАХТА АҲАМИЯТИ ҶИДДӢ МЕДИҲАД

Декабрь 10, 2010 09:52

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов  барои мустаҳакам намудани низоми навъсанҷӣ, бинои нави маъмурӣ барои Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва ташхисгоҳи кимёвӣ-технологӣ дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 4 ошёна иборат буда, мувофиқи лоиҳа дар ду ошёнаи аввал ташхисгоҳи кимиёвӣ-техногӣ, ки дорои ташхисгоҳи тайёр кардани нахи пахта, пахтатозакунӣ, ташхисгоҳи биокимиёвӣ, хонаи хушккунӣ ва нигаҳдории тухмӣ ҷойгир шудааст. Дар ду ошёнаи болоӣ бошад, утоқҳои коркунони Комиссияи навъсанҷӣ чойгир шуда, бинои мазкур бо маслиҳати муттахассисони байналхалқӣ ва дохилӣ аз рўи талаботҳои байналмилалӣ бо тамоми асбобҳои компютериву ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамзамон, бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсия тухмипарварони Точикистон ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ барои пешрафти  соҳаи пахтапарварӣ ва таъмини хоҷагиҳои тухмипарвари  ҷумҳурӣ бо тухми хушсифати пахта як корхонаи хурди истеҳсоли чигити луч дар   хоҷагии ба номи «Латиф Муродов»-и ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд.  Корхонаи мазкур метавонад дар 1 соат то 100 кг чигити луч истеҳсол карда, дар муддати 3-4 моҳ то 100 тонна чигити луч тайёр намояд. Истифодаи чунин усул имконият фароҳам месозад, ки аз ҳар 1 гектар кишти пахта то 70-75% тухмиро сарфа намуда, технологияи истеҳсоли пахтаро сабук гардонад.

Декабрь 10, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад