ВУСЪАТИ БУНЁДИ НБО-И ХУРД ДАР СУҒД

Декабрь 20, 2010 14:17

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи Барномаи кӯтоҳмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии хурд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 тасдиқ гардидааст, бояд дар давраи солҳои 2009-2010 дар миқёси вилояти Суғд 25 адад нерӯгоҳҳои барқии хурд сохта шаванд. Соли 2009 бо маблағгузории ватаниву хориҷӣ дар  вилоят 14 адад НБО-и хурд сохта ба истифода дода шуданд. Дар назар аст, ки то охири соли шумораи НБО-и хурди баистифода додашуда ба 9 адад рассад. Аз ҷумла, сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ бо иқтидори 4300 кВт ва арзиши пешакии 4,5 млн. доллари ИМА, бо саҳмгузори Бонки исломии рушд соли 2008 оғоз гардидааст. То имрӯз корҳои асосӣ ба маблағи 1,2 млн. доллари ИМА, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ ба маблағи 480,6 ҳазор сомонӣ ё 68 фоиз иҷро шудааст. Дар деҳаи  Тӯдаи ноҳия Айнӣ  НБО-и хурди «Джик» бо иқтидори 260 кВт  ва арзиши лоиҳавии 1,44 миллион сомонӣ  бо маблағгузории Бонки рушди Осиё ба истеҳсоли нерӯи барқ оғоз намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ иқтидори умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар вилояти Суғд ба 1,64 МВт расонида шуд.  

Декабрь 20, 2010 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад