ВУСЪАТИ КОРҲО ДАР «ВОСТОКРЕДМЕТ»

Декабрь 27, 2010 16:45

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар соли 2010 Корхонаи давлатии «Востокредмет» ба маблағи 10 миллиону 550 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону  249  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми афзоиш 113,4 фоизро ташкил медиҳад.   Тибқи созишномаи рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар  заминаи иқтидорҳои истеҳсолии коргоҳи «Хуҷанд-Зил»-и корхонаи мазкур дар якҷоягӣ бо ширкати «Амур»-и вилояти Свердловски Федератсияи Русия маркази техникӣ барои ба роҳ мондани ҷамъу васли автомашинаҳо дар базаи автомашинаҳои «ЗИЛ» ва «УРАЛ» ташкил  гардид. Дар корхона ҷамъу васли автомашинаҳои калони таъминоти ҳарбӣ, автомашинаҳои махсуси зиддисӯхторӣ, боркаш ва инчунин автомашинаҳои махсуси коммуналӣ ба роҳ монда шуд.   Дар соли 2011 аз ҷониби корхона ҷамъу васли 300 адад автомашинаи гуногунтамға ба нақша гирифта шуда,  бо назардошти ҳаҷми фармоиш корхона имкон дорад то 1000 адад чунин автомашинаҳоро дар як сол ҷамъу васл намояд.   Талабот ба автомашинаҳо дар кишварҳои ҳамсоя, махсусан дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ калон мебошад.   Дар соли сипаригашта  роҳбарияти  корхона барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ворид намудани техникаю технологияи муосир  тадбирҳои  зарурӣ андешиданд. Аз ҷумла, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сехи заргарӣ ба бинои дигар, ки дорои коммуникатсияи лозимӣ мебошад, гузаронида шуда,  васлкунии таҷҳизоти нави  он идома дорад.   Дар ин давра дар корхона 25 адад ҷойи нави корӣ ташкил шудааст. Дар соли сипаригардида корхона қаноатбахш фаъолият намуда,  950    ҳазор сомонӣ  фоида ба даст овард.  

Декабрь 27, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад