ВУСЪАТИ РОБИТАҲОИ УММОН БО ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Сафири фавқулъода ва мухтори Уммон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим ал-Арамӣ, ки ба ҳайси фиристодаи Султонии Уммон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, имрӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон сӯҳбат намуда, ба саволҳои онҳо ҷавоб дод. Вай зикр намуд, ки имрӯз ман хеле сарфарозам, ки бо Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати пурмӯҳтаво доштам ва номаи шахсии Султони Уммон Қобус ибни Саидро ба Сарвари давлати Тоҷикистон супоридам. Аслан мазмуни ин нома дар бобати густариш додани робитаҳои дуҷониба байни ду кишвар, яъне Тоҷикистону Уммон мебошад. Сафир ҳамчунин зикр намуд, ки барои ман тавсияҳо ва пешниҳодҳои Ҷаноби Олӣ дар бобати беҳтар намудан ва густариш додани робитаҳои дуҷониба бисёр писанд омад. Мо дар салтанати Уммон ҳавасманди он ҳастем, ки робитаҳои дуҷониба бо мардуми бародари Тоҷикистон, хусусан дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, густариш ёбад. Дар анҷоми сӯҳбат сафир иброз дошт, ки байни мо доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ низ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






