ЯК МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Декабрь 21, 2010 14:08

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои  сармоягузорӣ дар ҳаҷми 3   миллиарду 103 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта  167 миллион сомонӣ зиёд мебошад.   Тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони иншооти  энергетикӣ зиёда аз  як миллиард сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки  622 миллион сомонии он  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ  аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ  ва хусусии ташкилоту муассисаҳо  буда, 613 миллиони он қарзи хориҷӣ мебошад.    Мутобиқ ба иттилои Агентӣ дар ин муддат барои сохтмони НБО-и Сангтӯда-1    46,6 миллион сомонӣ, барои сохтмони НБО-и Сангтӯда-2  481 миллион сомонӣ маблағ аз сармояи асосӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 37,6 миллион сомонӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 443,6 миллион сомонӣ, барои сохтмони НБО-и «Роғун» 488,1 миллион сомонӣ маблағ, ки назар ба соли гузашта 59,1 миллион сомонӣ зиёдтар аст, сарф гардидааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки барои рушди соҳаи энергетикии ҷумҳурӣ «Барномаи дарозмуддати сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2007-2020»  қабул гаштааст.  Барномаи мазкур  сохтмони 100 нерӯгоҳи хурди барқиро то соли 2012  ба маблағи 125,1 миллион доллари ИМА дар назар гирифтааст. Нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар як сол 480,6 миллион кВтс нерӯи барқ истеҳсол менамоянд.

Декабрь 21, 2010 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад