Ё МИЛИТСИЯ МАДАД КАРД Ё…

Декабрь 20, 2010 09:09

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То баргузории соли нави милодӣ ҳамагӣ 10 рӯз боқӣ монд. Бар хилофи солҳои гузашта,  соли ҷорӣ дар тамоми кӯча, бозор, маҳалла ва ҳавлиҳои хонаҳои баландошёнаи пойтахт садои моддаҳои тарканда (хлопушка) камтар ба гӯш мерасад.    Тибқи маълумоти Вазорати умури дохила, соли гузашта бо мақсади пешгирии воридоти моддаҳои тарканда бар асари чанд санҷишҳои фаврӣ беш аз 10 ҳазор моддаҳои тарканда, ки  ғайриқонунӣ бо роҳи қочоқ вориди бозорҳои кишвар гардонида шуда буданд, дарёфт  ва нобуд карда  шуданд.    Имрӯзҳо мардум ба кори милитсия, ки назоратро дар бораи ба фурӯш баровардани моддаҳои таркада ба истилоҳ (хлопушка) беҳтар ба роҳ монда,  калонсолон, беморону тифлонро аз садои гӯшхароши он эмин сохтаанд  баҳои мусбӣ медиҳанд. Аммо қисме аз мардум ҳанӯз дар андешаи онанд, ки  тоҷирон бештар ҳушёриро ба даст гирифтаанд ва он чизеро, ки  дар давоми моҳҳо  фурӯхта натавонистанд, дар давоми ду — се рӯзи пеш аз соли нав метавонанд ба симу зар мубаддал созанд. Кош ин пешгӯӣ ҷомаи амал напӯшаду мардум бе садои «хлопушка»  то  соли нав орому осуда бошанд.   

Декабрь 20, 2010 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад