ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловрзод).- Дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 ба ҷумҳурӣ аз 47 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи беш аз 81 млн. доллар ё 283 ҳазору 44 тонна ёрии башардӯстона ворид гардидааст. Аз он ҷумла: 2891 тонна равғани растанӣ (ба маблағи 6 млн. 176 ҳазор доллар), 14 ҳазору 702 тонна орд(ба маблағи 7 млн. 351 ҳазор доллар), инчунин, ба маблағи 571 ҳазор доллар гандум, ба маблағи 48 млн. 602 ҳазор доллар доруворӣ, ба маблағи 3 млн. 652 ҳазор доллар либос ва пойафзол, маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА 57, 4 фоиз, ба Ҷумҳурии Қазоқистон 9 фоиз ва ФР 3, 8 фоиз рост меояд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






