ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶАҲОНРО НАЗОРАТ МЕБОЯД
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 30 ноябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико таҳти унвони «Ҳавасманднамоии ҳамкориҳо дар соҳаи захираҳои об ва гуфтугӯи манфиатовару мақсаднок дар самти тараққиёт, ки дар Декларатсияи ҳазорсола нишон дода шудааст», конфронс баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шабакаи «СММ- захираҳои об» ташкил гардид. Дар конфронс китоби « Садоҳои об» муаррифӣ шуд. Дар китоби мазкур 77 муаллиф аз тамоми ҷаҳон аҳамияти Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»-ро, ки бо иқдоми Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бори дигар ёдовар шуданд. Иштирокдорони конфронс зикр намуданд, ки миёни рушди иқтисод ва рушди захираҳои об алоқаи зич мавҷуд аст. Дар суханрониҳои дар конфронс садодода зикр гардид, ки то соли 2030-юм 47 фоизи аҳолии рӯи замин ба мушкилоти таъмини об ва норасоии он мувоҷеҳ мегарданд. Аз ин рӯ сухангӯён барои беҳтар намудани назорат аз болои захираҳои об дар тамоми ҷаҳон даъват намуданд. Иштирокчиёни чорабинии мазкур давлатҳоеро, ки дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ ҷойгиранд, даъват намуданд, ки гуфтугӯ ва ҳамкориҳоро боз ҳам таҳким бахшанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






