ЗИЁДШАВИИ ЧОРВО БА НАРХ ТАЪСИР НАРАСОНД, ЧАРО?
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, то 1 -уми декабри соли 2010 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон ба 1 млн.865 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 28 ҳазору 500 сар зиёд аст. Дар ҳамин давра (январ — ноябр), саршумори бузу гӯсфанд 177 ҳазору 400 сар ё 4,2 фоиз, саршумори мурғ 552 ҳазору 600 сар ё 13,7 фоиз афзудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз саршумори умумии чорво 91,8 фоизи чорвои калони шохдор ва 82,4 фоизи чорвои хурд (бузу гӯсфанд) ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 2 фоиз, ВМКБ — 1,3, вилояти Суғд — 0,4 ва НТҶ 2,2 фоизро ташкил дод. Бо вуҷуди он ки саршумори чорвою парранда сол то сол зиёд мегардад, нархи маҳсулоти онҳо дар бозорҳои кишвар рӯ ба афзоиш аст ва ба гуфти иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров чунин худсарона боло бурдани нарх ғайр аз манфиатҳои шахсӣ асосҳои илмӣ надорад, ки он бояд пешгирӣ карда шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид






