ЗОЙИРИН АЗ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО БАРГАШТАНД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Барои дар сатхи баланд гусел ва қабул намудани зоирини кишвар тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии ҳамаҷониба дида, маъракаи гусел ва қабули зоиринро пурра анҷом дод, чунин иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди дафтари мабуоти КВД «Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев. Ӯ кайд кард, ки имрўз ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хотимавии хатсайри Ҷидда Душанберо бомуваффақият анҷом дода, 126 нафар ҳоҷиёнро ба Ватан овард. Интиқоли зойиринро имсол ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба ўҳда дошта, парвози 4088 нафар зоиринро аз фурудгоҳи Душанбе таъмин карданд. Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи Ҳаҷ фурудгоҳи Душанбе омодагии ҷиддӣ дида, барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо мошин механизм ва дигар техникаи заруриро саривақт омода кард. Таъмини амнияти парвозҳо, ҳавопаймоҳо ва зойирин ҳамеша дар мадди аввал қарор дошт. Ҷаласаи муштараки пеш аз сафари зойирин, ки дар фурудгоҳи Душанбе бо иштиироки намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи сарҳадот, Хадамоти гумруки назди фурудгоҳ, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии КВДҲ «Тоҷик Эйр» ва ҶДММ «Сомон эйр» ва КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор шуд, ҷонибҳоро вазифадор намуд, ки дар гусел ва қабули зойирин масъулияти бештар эҳсос намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






