1 МЛН. 40 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ТАРМИМИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

Январь 20, 2011 14:47

   Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – «Дар соли 2011 аз буҷаи давлатӣ 1 миллиону 40 ҳазор сомонӣ барои тармими ёдгориҳои таърихӣ ба Вазорати фарҳанг ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,- иброз дошт дар нишасти матбуотӣ 19 январи соли ҷорӣ муовини аввали вазири фарҳанги мамлакат Миралӣ Достиев.   Вай зикр намуд, ки имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳазору 20 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола мутахасисон аз аҳволи онҳо хабар мегиранд ва ба мақомоти маҳаллӣ дар тармими онҳо маслиҳат медиҳанд.   Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иншооти сохтмони асосӣ танҳо маблағи 450 ҳазор пешбинӣ шудааст. Аз маблағи зикргардида 420 ҳазор сомонӣ барои сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Нуробод ва 30 ҳазор сомонӣ барои корҳои лоиҳакашии иншооти дар солҳои наздик аз ҷониби вазорати фарҳанг сохташаванда пешбинӣ шудааст.

Январь 20, 2011 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад