ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТИ МУАЙЯН ГАШТАНД
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва федератсияи тенниси рӯи мизи вилоят дар толори варзишгоҳи «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ байни ҷавондухтарон оид ба тенниси рӯи миз баргузор гардид. Дар он 34 нафар довталаб аз 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар намуди даставӣ ҷои аввалро варзишгарони шаҳри Хуҷанд, мақоми дуввумро ҷавондухтарони ноҳияи Спитамен ва ҷои сеюмро намояндагони шаҳри Қайроққум ишғол намуданд. Дар намуди шахсӣ ҷои 1-ум насиби варзишгар Нигора Мирзобоева, ҷои 2-ум муносиби Фарзона Қурбонзода (ҳар ду аз шаҳри Хуҷанд) ва ҷои сеюмро Мафтуна Турдибекова (аз ноҳияи Спитамен) ишғол намуд. Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфа ва ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Федератсияи тенниси рӯи мизи вилоят сарфароз гардонида шуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






