ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРӢ

Январь 28, 2011 16:47

    Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Раёсати андози вилояти Суғд ҷамъбасти озмун миёни хонандагони мактабҳои миёна, махсус ва олии вилоят оид ба кашидани расм, навиштани иншо ва шеъру мақола дар мавзӯи фарҳанги андозсупорӣ баргузор гардид.    Мавриди ёдоварист, ки тибқи қарори раиси вилояти Суғд аз 1 декабри соли 2010 бобати тарбияи фарҳанги андозсупорӣ миёни хонандагони мактабҳои миёна, махсус ва олии вилоят озмун эълон шуда буд.   Муовини сардори Раёсати андози вилояти Суғд Валаматшех Маҳмудов доир ба татбиқи амалии қарори раиси вилоят оид ба баргузории машғулиятҳои беруназмактабӣ изҳор дошт, ки дар ин мавзӯъ 154 семинар гузаронида шуд ва 9800 нафар дар он иштирок карданд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳакамони озмун дар пешниҳоди макет ва кашидани расм амали хонандагон Ҷаъфари Мирзалиро аз шаҳри Истаравшан сазовори ҷои аввал, расми кашидаи Парвиз Эҳсоновро аз шаҳри Хуҷанд ба ҷои дуюм ва амали Беҳрӯз Юлдошевро аз ноҳияи Ашт сазовори ҷои сеюм донистанд. Дар навиштани иншо Фарангис Исроилова аз шаҳри Конибодом, Фарзона Файзиева аз шаҳри Хуҷанд ва Зарнигор Исоева аз ноҳияи Шаҳристон ғолиб дониста шуданд.   Ба ғолибон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати андози вилоят супорида шуд.

Январь 28, 2011 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард