ҚАЙДИ 86 ФОИЗИ ҶИНОЯТ АЗ ҶОНИБИ ВКД
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар соли 2010 14 ҳазору 542 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз ин миқдор 12 ҳазору 562 ҷиноят аз тарафи кормандони ВКД қайд гардидааст, ки 86 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоро дар бар мегирад. Аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар моҳҳои январ – декабри соли ҷорӣ 1 ҳазору 980 ҷиноят ё 14 фоизи ҷиноятҳои дигар қайд шудаанд. Ҳамаи маълумот оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар соли 2010 – ум аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Прокуратураи ҳарбӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Агентии омори назди Президенти ҶТ пешнҳод шудаанд. Боиси тазаккур аст, ки бо сабаби дар соли 2009 мавҷуд набудани хазинаи ягонаи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҳлили муқоисавӣ аз ҷамъбасти соли 2010 аз рўи ҷиноятҳои ба қайд гирифтаи ВКД анҷом дода шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






