ҚАНОАТМАНДИИ СУҒДИЁН АЗ СОЛИ РАФТА

Январь 10, 2011 15:52

    Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, сарварони корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои қаламрави шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умум, фаъолон ҷамъомади васеъ баргузор гардид. Дар он ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011-ум мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Қайд гардид, ки дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, муассисаҳои алоқаю нақлиёт, соҳаҳои хизматрасонии маишию савдо дар соли 2010-ум назаррасанд. Дар ин давра ба миқдори 246,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ин дар қиёс бо натиҷаҳои соли 2009-ум 104,7 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи пешбинишудаи соҳаи сохтмон 111,1 фоиз иҷро гардид. Ҳаҷми боркашонии муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ 1,4 фоиз ва мусофиркашонӣ 32,8 афзуд.    Ҳаҷми савдо ба 780,2 миллион сомонӣ ва хизматрасонии маишӣ ба 541,1 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса бо соли 2009-ум мутаносибан 112,9 ва 127,8 фоизро ташкил медиҳад.   Аз маркази иттилоот ва таҳлили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов дар охири ҷамъомад дар хусуси рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи самараноки ҳамаи воситаю имкониятҳо барои рушдбахшии иқтисодиёт, беҳдошти сатҳи иҷтимоӣ, авҷи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, равнақи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, беҳбудӣ бахшидан ба раванди ислоҳоти соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тиб ҳарф зад.

Январь 10, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд