ҚОНУНЕ, КИ БАЁНГАРИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ОЯНДА АСТ
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро муҳокима намуданд. Дар вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев дар бораи зарурати ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намудани қонуни мазкур ва аҳамияти он дар таълиму тарбияи насли наврас ибрози назар намуд. Муовинони вазир, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони вазорат доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таклифу пешниҳоди мушаххаси худро оид ба ҷанбаҳои иқтисодии он баён намуданд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳадафи асосии ин иқдом тарбияи насли солиму тарбиядида ва ба воя расонидани кадрҳое мебошад, ки ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо гузошта мешавад. «Аз ин лиҳоз, кормандони вазорати рушди иқтисод ва савдо чун дигар шаҳрвандони мамлакат дар муҳокимаи лоиҳаи қонун фаъолона ширкат варзида, то имрӯз доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он ду маротиба хулосаҳои худро ба таври расмӣ пешниҳод намуданд», — илова намуд сарчашма.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






