ҚОНУНШИКАНИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ПОЙТАХТ

Январь 24, 2011 09:39

    Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-17 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ки бидуни қайди зист дар Душанбе зиндагӣ мекардаанд, зимни амалиёти реҷаи шиносномавӣ, ки имрӯзҳо дар қаламрави пойтахт идома дорад, боздошт гардида, нисбати онҳо дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шудааст.    Ба хабаргузории миллии Тоҷикистон «Ховар» аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни амалиёти густурдаи реҷаи шиносномавӣ наздики 4 ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар онҳо беш аз 64 ҳазор шаҳрвандон истиқомат мекардаанд, санҷида шуда, ҳолати қайди зисти онҳо муайян гардидааст. Бахусус, дар ин амалиёт низ вазъи будубош ва қайди зисти 284 нафар шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ санҷида шудааст.    Афзалияти бештари ин амалиёт боз дар он аст, ки дар ҷараёни он 15 ҷиноят ошкор шуда, 3 нафар ҷинояткори дар кофтуковбуда, дастгир гардидаанд. Дар маҷмӯъ зимни амалиёти реҷаи шиносномавӣ дар пойтахт 261 нафар шаҳрвандон бо ҷурми вайрон намудани реҷаи шиносномавӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.   Амалиёти реҷаи шиносномавӣ дар пойтахт дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини амният ва муайян намудани буду боши шаҳрвандоне, ки бе ҳуҷҷати расмӣ дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, то 15 феврал гузаронида мешавад. 

Январь 24, 2011 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад