«ҲАҚИҚАТИ СУҒД» ҲАФТАЕ СЕ МАРОТИБА НАШР МЕГАРДАД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот, инъикоси саривақтии рӯйдоду воқеаҳои давр ва беҳтар намудани фазои иттилоотии вилоят сар аз соли 2011 рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ҳафтае 3 маротиба — рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе бо теъдоди беш аз 5 ҳазор нусха ба табъ мерасад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо ташаббуси бевоситаи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода амалӣ гардида, то ин дам рӯзномаи мазкур ҳафтае 2 маротиба нашр мегашт. Алҳол дар ин нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 27 нафар фаъолият менамоянд, ки 15 нафарашон эҷодкорон мебошанд. Зикр бояд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчунин муассиси рӯзномаҳои «Суғд ҳақиқати» бо забони ӯзбекӣ ва «Согдийская правда» бо забони русӣ низ мебошад, ки ин нашрияҳо алҳол ҳафтае 2 маротиба нашр мешаванд. Умуман, солҳои охир ҷиҳати пешрафти соҳаи матбуот ва иттилоотонӣ дар вилоят тадбирҳои амиқ роҳандозӣ мегарданд. Алҳол дар маркази вилоят бунёди Кохи матбуот, ки аз 13 ошёна иборат аст, босуръат идома дорад ва ин иншооти бузург дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба беҳтар шудани шароитҳои корӣ ва сифати чопи нашрияҳо мусоидат хоҳад намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






