ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ ЗИЁДА АЗ 700 МИЛЛИОН

Январь 13, 2011 17:02

     Душанбе, 13 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева),- 12 январи соли 2011 таҳти роҳбарии вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати энергетика ва саноати ҶТ баргузор гардид.   Дар ҷаласа фаъолияти яксолаи соҳаҳои энергетика ва саноат мавриди таҳлил қарор гирифт.   Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми соли 2010, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (якҷоя бо кору хизмат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 миллиарду 904 миллиону 319,3 ҳазор сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба соли 2009 109,7 фоизро ташкил дод.    Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2009 ба маблағи 700 миллиону 908,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардид.    Дар тӯли соли сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 85 корхонаҳои нав ва корхонаҳое, ки соли 2009 фаъолият надоштанд, аз ҷумла дар системаи вазорати энергетика ва саноат 36 корхона бо 5537 ҷойи нави корӣ ба кор дароварда шуданд. Дар миқёси соҳаҳо 27 корхонаи нав ва қаблан фаъолият надошта ба саноати маводи сохтмон, 20 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 15 корхона ба соҳаҳои мошинсозӣ, кимиё ва металлургияи ранга, 13 корхона ба саноати сабук, 5 корхона ба комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва 5 корхона ба дигар соҳаҳои саноат мансубанд.    Дар ҷамъбаст ба масъулони соҳа, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои зертобеъи вазорат барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Истиқлолияти ҶТ ҷиҳати ба натиҷаҳои баланд ноил гардидан супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Январь 13, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд