ҲАЛНОМАИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРӢ НИСБАТ БА «САЛАФИЯ»

Январь 14, 2011 14:41

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Фаъолияти равияи динии «Салафия» бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2009 манъ карда шудааст. Дар соли 2010 Суди Олии ҷумҳурӣ 1 парвандаро нисбат ба 56 нафар аъзои равияи динии дар боло зикр шуда, ки дар байни мардум ғайриқонунӣ ақидаҳои худро паҳн менамуданд, мавриди баррасӣ қарор дод, ки нисбат ба 33 нафар ҷазои ҷарима ва нисбат ба боқимонда бошад ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 4 то 5 сол ҳукм баровард»,- гуфт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ, ки 14 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гашт.     Инчунин, дар соли 2010 аз ҷониби коллегияҳои Суди Олӣ 330 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 578 шахс, 367 парвандаи гражданӣ, 72 парвандаи оилавӣ ва 112 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, иброз намуд раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Январь 14, 2011 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд